Мурабаҳаи истеъмолӣ
https://www.traditionrolex.com/10
https://www.traditionrolex.com/10
Муробаҳаи истеъмолӣ
Маблағгузории шахсони воқеӣ барои хариди молҳои зарурӣ (таҷҳизоти маишӣ, мебел, таъмири хона ва ғ).Шартҳо
- шахсони воқеӣ, сокинони ҶТü синну сол: аз 20 то 63- сола
- бештар аз 100 000 сомонӣ
- мӯҳлати ҳадди аксар: 18 моҳ
- мӯҳлати ҳадди ақал: 3 моҳ
- танҳо бо сомонӣ
- маржа/изофапулӣ:
- аннуитет 24%
- собит 13.7%
Коэффисенти маблағгузорӣ
- Агар арзиши мол то 10 000 сомониро ташкил диҳад, пешпардохт талаб карда намешавад, худи маҳсулот ё ашёи иловагӣ гарав маҳсуб меёбад*
- Агар арзиши мол 10 001 - 25 000 сомониро ташкил диҳад, ба андозаи на камтар аз 15% аз маблағ пешпардохт талаб карда мешавад, худи маҳсулот ё ашёи иловагӣ гарав маҳсуб меёбад*
- Агар арзиши мол 25 001 - 50 000 сомониро ташкил диҳад, на камтар аз 20% пешпардохт талаб карда мешавад, худи маҳсулот ё ашёи иловагӣ гарав маҳсуб меёбад ва ё зомин талаб карда мешавад.
- Агар арзиши мол 50 001 – 75 000 сомониро ташкил диҳад, на камтар аз 25% пешпардохт талаб карда мешавад, худи маҳсулот ё ашёи иловагӣ гарав маҳсуб меёбад ва ё зомин талаб карда мешавад.
- Агар арзиши мол 75 001 - 100 000 сомониро ташкил диҳад, пешпардохт на камтар аз 30% талаб карда мешавад, худи махсулот ё ашёи иловагӣ гарав маҳсуб меёбад ва ё ду зомин талаб карда мешавад.
* Агар мол зуд вайроншаванда бошад, он гоҳ гарави иловагӣ ҳатман талаб карда мешавад.
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ
- шиноснома ва РМА (агар дар шиноснома қайд нашуда бошад)
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи манбаи даромади муштарӣ: маълумотнома оиди музди маош ё шаҳодатномаи фаъолияти соҳибкорӣ бо иқтибоси андозҳои пардохтшуда дар 6 моҳи охир
Қарзро пардохт кардан мумкин аст
- дар хазинаҳои Тавҳидбонк
- дар замимаи мобилии Tawhid Pay
- дар терминалҳои шарикони Тавҳидбонк ҶСК «Банк Эсхата», ҶДММ ТАҚХ «Душанбе Сити» ва ҶДММ «Тамвил»