Тибқи талаботҳои бонкдории исломӣ, стандартҳои AAOIFI* ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ», таъсиси Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ (Кумитаи шариатӣ)*, дар сохтори бонкҳои исломӣ шарти ҳатмӣ мебошад. Бонк наметавонад ҳамчун бонки исломӣ фаъолият кунад, агар дар сохтори ташкилӣ ва идории он чунин Кумита созмон дода нашуда бошад. Яъне маълум шуд, ки барои ба сифати бонки исломӣ фаъолият кардан, Бонк бояд низоми самараноки идории ҷавобгӯи меъёрҳои шариатро бо назардошти сохторҳои дахлдори он (Шӯъбаи аудити шариатӣ, комплаенси шариатӣ ва ғайра) ба роҳ монад. Бинобар ин, Тавҳидбонк барои риояи талаботҳои қонунҳои ҷорӣ, шаръӣ ва таҷрибаи пешрафтаи бонкдории исломӣ дар сохтори худ чунин Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломиро созмон додааст. Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ – мақоми идории бонк буда, масъули қабули қарорҳои дахлдор оиди масоили шаръӣ мебошад. Кумита вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

  • ҳаллу фасли масоили марбут ба риояи талабот, меъёрҳо ва принсипҳои шаръӣ, дар фаъолияти амалиётӣ бастани аҳдҳо ва қабули қарорҳо ;
  • ташхис ва мутобиқатсозии қарорҳои қабулшаванда ва қабулшуда дар мавриди аҳду қарордодҳои басташуда ба меъёрҳои шаръӣ ва стандартҳои AAOIFI;
  • тасдиқи шаръӣ ва додани фатво барои маҳсулотҳо, тарофаҳои хизматрасонӣ, амалиёт ва аҳдҳо;
  • муайянсозии санаду меъёрҳои дохилибонкӣ;
  • идоракунӣ вамуайянсозии самтҳои истифодаи маблағҳои хайриявӣ;
  • таъмини риояи принсипҳои адолатнокӣ дар тақсими фоидаву зарар ва ҳуқуқу ӯҳдадориҳо;
  • машварат ва баёни масоили марбут ба ҳалолу ҳаром;
  • дигар ваколату салоҳияте, ки Шӯрои нозирон ба Кумита вогузор намудааст.

Талаботҳои функсионалӣ, сохторӣ ва идории бонкҳои исломӣ аз бонкҳои анъанавӣ фарқ мекунад. Дар таркиби сохтори бонкҳои анъанавӣ Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ (Шӯрои шариатӣ) ва сохторҳои дахлдори он вуҷуд надорад.
Шурои нозирони Бонк ва вазифаҳои он: Шӯрои нозирон ин мақоми олии идории Бонк буда, дар доираи ваколатҳои худ бо риояи талаботҳои қонунгузории ҶТ оинномаи Бонк ва низомномаи худ фаъоляит карда, қарорҳои дахлдор оиди масъалаҳои тиҷоратӣ ва амалиётии Бонк тавассути ҷаласаҳояш қабул менамояд.
* Стандартҳои AAOIFI - стандартҳои Ташкилоти баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит барои институтҳои молиявии исломӣ, ки ба меъёрҳои ҳуқуқии шаръӣ асос ёфта, нисбат ба хизматрасониҳои бонкӣ татбиқ мегарданд.
** Кумитаи шариатӣ – ин сохтор аслан Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ буда, дар дигар бонкҳои исломӣ метавонад ҳамчун Кумитаи шариатӣ номгузорӣ карда шавад.

Тибқи қонунгузории амалкунанда ва талаботҳои Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ бо қарори Шӯрои нозирон дар сохтори Бонк ташкил карда мешавад ва зертобеъи он мебошад. Аммо новобаста аз чунин зертобеият Кумита дар баррасӣ ва қабули қарорҳои дахлдор оиди риояи меъёрҳои шаръӣ мухтору мустақил мебошад. Яъне зертобеъяти Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ дар назди Шӯрои нозирони бонк зертобеияти нисбӣ мебошад. Дар сохтори ташкилӣ ва идории феълии ҶСК “Тавҳидбонк” Шӯрои нозирон ва Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ созмон дода шудааст, ки ин ду мақом фаъолияти худро мутобиқ сохтаанд ва дар доираи салоҳияту ваколатҳои худ муносибатҳои кориро миёни ҳам ҳамоҳанг месозанд. ҶСК “Тавҳидбонк – нахустин таҷрибаи табдилдиҳии бонки анъанавии амалкунанда ба бонки исломӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Роҳбар ва аъзоёни Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломии ҶСК “Тавҳидбонк” тавассути озмуни озоди баналмилалӣ интихоб ва таин карда шудаанд. Озмун бо истифодаи васеъи шабакаҳои иттилоотии глобалӣ ва бо истифода аз таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ гузаронида шуд. Тамоми раванди баргузории озмун ва интихоби номзадҳои салоҳиятнок бо машварат ва дастгирии Корпоратсияи рушди бахши хусусӣ (ICD) амалӣ карда шуд.

Сохтори Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ: Сохтори Кумита аз Роҳбар ва ду аъзо иборат буда, ба ҳайси Роҳбари Кумита Муҳаммад Акрам бин Лалдин Ректори академияи байналхалқии тадқиқотҳои молия исломӣ (ISRA, Малайзия) ва профессори маркази таъсисёбии молияи исломӣ (INCEIF, Малайзия) таъин гардид, ки, айни замон боз дар 16 Кумитаҳои бонкҳои исломии давлатҳои гуногун аъзо мебошад. Роҳбари Кумита масъул аст, ки фаъолияти самараноки Кумитаро таъмин намуда, назорати иҷрои қарорҳои қабулшудаи Маҷлиси умумии саҳмиядорон ва Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои ба салоҳияти Кумита тааллуқдоштаро амалӣ намояд. 

Аъзои Кумита Шоев Маҳмадрузӣ Аскарович дар вазифаҳои гуногуни соҳаи бонкдории исломӣ кор ва фаъолият намуда, таҷриба ва дониши кофӣ дорад ва дорои ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда (сертификат, диплом) мебошад.

Аъзои дигари Кумита Саидов Ҷашед Асоевич дар вазифаҳои гуногуни соҳаи бонки ва ғайра кор ва фаъолият намуда, таҷриба ва дониши кофии иқтисодӣ буда, дорои ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда (сертификат, диплом) мебошад.

Responsive image

Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!