ҶСК “Тавҳидбонк” санаи 12 июни соли 1999 ҳамчун Бонки саҳомию тиҷоратии мададрасонии соҳибкории “Соҳибкорбонк” таъсис дода шуда фаъолияташро аз 14 июни соли 1999 ба ҷои “Тоҷикбанкбизнес” оғоз намудааст.
17 майи соли 2002 номгӯи БСТ МС “Соҳибкорбонк” ба ҶСК “Соҳибкорбонк” тағйир дода шуда 1-уми июни соли 2019 номи ҶСК “Соҳибкорбонк” ба ҶСК “Тавҳидбонк” тағйир ва ба бонки исломӣ табдил дода шуд. Дар тули 20 соли фаъолияти пурсамар Бонк якчанд маротиба саҳомони худро иваз кард ва аз январи соли 2011 таҳти роҳбарии саҳомони нав ҳамчун бонки фоидаовар гашт. Айни замон ҶСК “Тавҳидбонк” бо иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон БМТ №0000104 аз 17 сентябри соли 2019, дорои 5 филиал ва 56 Марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар аксарияти манотиқи кишвар мебошад.
Тибқи сохтори ташкилӣ зиёда аз 320 мутахассисон дар Бонк фаъолият мекунанд.



Ба ҳолати имрӯз, мавқеи бонк дар низоми бонкии кишвар чунин аст:

  • Бонк ба гурӯҳи 10 бонки калонтарини мамалкат шомил аст;
  • Дар таркиби дороиҳои низоми бонкӣ ҳиссаи дороиҳои бонк 1.4%-ро ташкил медиҳад;
  • Воҳидҳои сохтории бонк дар аксарияти манотиқи кишвар фаъолият менамоянд;
  • Бонк аз рӯи ҳаҷми сармоя мавқеи 8-ум ва аз рӯи ҳаҷми даромаднокӣ мавқеи 7-умро дар байни 17 бонк соҳиб аст;
  • Бонк тӯли 6 соли охир фаъолияти молиявии худро бо дарёфти фоида ҷамъбаст менамояд;
Оинномаи ҶСК «Тавхидбанк» Иҷозатнома барои гузаронидани амалиёти бонкӣ
Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!